Душанбе мизбони конфронси байналмилалии занони рӯзноманигор мешавад

Рӯзи 1-уми май дар шаҳри Душанбе конфронси дуюми байналмилалии занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Паёми баробарӣ: озодӣ, занон ва расонаҳо» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуда, беш аз 50 иштирокдорро аз Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ҷамъ меорад.

Интизор меравад, ки  ин ҳамоиш ба як майдони муҳими минтақавӣ табдил меёбад ва дар он занон тамоми мушкилотеро, ки ҳамарӯза дар кору фаъолияташон рӯ ба рӯ мешаванд, муҳокима мекунанд. Ҳамзамон дар он имкониятҳое мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки ба рушди касбии бонувон, ҳамбастагӣ миёни онҳо ва тағйироти мусбат дар фазои журналистӣ мусоидат мекунанд.

Дар доираи конфронс ба намояндагони беҳтарини соҳа ҷоизаҳо низ супурда мешаванд.

Ҳамчунин шиштирокдорон мавзӯъҳои озодии баён, баробарии гендерӣ, амнияти касбӣ ва ояндаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказиро таҳлил мекунанд.

Барномаи конфронс аз бахшҳои зер иборат аст:

  • «Озодии баён ва воқеияти нав» — дар бораи хатарҳо, маҳдудиятҳо ва зарурати ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон;
  • «Занон дар расонаҳо: монеаҳои ноаён ва роҳҳои бартарафсозии онҳо» — дар бораи саддҳои системавӣ, табъиз ва роҳҳои дастгирии занон дар расонаҳо;
  • «Ояндаи рӯзноманигорӣ барои занҳо» — дар бораи имкониятҳои нав, рақамикунонии расонаҳо, роҳбарии занон ва нақши муҳими онҳо дар муҳити тағйирёбандаи иттилоотӣ.

Ташкилкунандагон бовар доранд, ки конфронс барои ба роҳ мондани робитаҳои нави касбӣ, пайдо кардани ҳамфикрон, мубодилаи афкор оид ба роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигор ва дастгирии бонувон дар қабули қарорҳои муҳим дар расонаҳо платформаи мувофиқе хоҳад буд.

«Соли дуюм аст, ки мо чунин конфронсро баргузор мекунем. Ба ин васила мехоҳем ба бонувони рӯзноманигор нишон диҳем, ки пуштибонӣ аз ҳамдигар имкон дорад, таъмини адолат, амният ва баробарӣ дар кори расонаҳо ҳам чизест, ки дар ҳамдастӣ амалмсозиаш осон аст», – мегӯяд Гулнора Амиршоева, раиси Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон ва ташаббускори конфронс.

Дар ҳамоиш рӯзноманигорон, коршиносони расонаӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, муҳаққиқон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои дипломатӣ иштирок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *