Душанбе пешсафи афзоиши аҳолӣ

Дар нишасти хабарии Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки соли 2024 афзоиши аҳолӣ дар кишвар ба 21 нафар сари ҳазор сокин расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 5,4% зиёд мебошад.

Ба гуфтаи директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода,  нишондиҳандаи таваллуд 24,2 нафар ва фавт 3,2 нафар ба ҳар 1000 аҳолӣ ташкил додааст.

Аз ҳама бештар таваллуд дар Душанбе афзуда, бо 10% зиёд шудааст. Дар дигар минтақаҳо низ афзоиш мушоҳида мешавад:

🔹 ВМКБ – 2%

🔹 Хатлон – 3,3%

🔹 Суғд – 3,7%

🔹 Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7%

Директори Агентии омор  Ҷамшед Нурмаҳмадзода мегӯяд, ки тамоюли афзоиши аҳолӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *