Душанбе ва Анқара масъалаи лағви раводидро баррасӣ мекунанд
Имрӯз, 21 апрел, дар шаҳри Анқара мулоқоти навбатии консулӣ миёни мақомоти Тоҷикистон ва Туркия баргузор мешавад, ки дар он масъалаи эҳтимолии бекорсозии низоми раводид мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои намояндагии дипломатии Туркия, дар ҷараёни гуфтушунидҳо, ду ҷониб масоили ҳамкории консулӣ, аз ҷумла имзои созишномаи лағви раводидро муҳокима хоҳанд кард.
«Мо талош дорем бо тақвияти ҳамкориҳо ва муколамаи мустақим байни сохторҳои дахлдор, имкони бекор кардани раводид миёни ду кишварро фароҳам созем», – гуфта мешавад дар изҳороти сафорат.
Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд барои сафар ба Туркия раводид гиранд. Низоми раводид аз моҳи апрели соли 2024 ҷорӣ гардид ва Тоҷикистон низ дар посух чунин низомро барои шаҳрвандони Туркия роҳандозӣ кард.
Сабаби ҷорӣ шудани раводид аз сӯи Туркия то ҳол расман шарҳ дода нашудааст. Аммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки он метавонад ба масъалаҳои амниятӣ рабт дошта бошад.
Бо ҷорӣ шудани ин низом, хароҷоти сафар ва тиҷорат миёни ду кишвар афзоиш ёфт. Баъзе тоҷирони тоҷик изҳор доштанд, ки ин тағйирот ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонда, хароҷоти воридоти молро зиёд кардааст.
Ҳоло нархи гирифтани раводиди Туркия барои тоҷикон вобаста ба навъаш аз 90 то 160 долларро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ