Душанбе: Занозании мактаббачагон (Видео)

Дар шабакаи Инстаграм видеои як ҷанги байни хонандагони яке аз мактабҳои Душанбе нашр шудааст. Лаҳзаҳои ин занозанӣ тавассути камераи назоратӣ сабт шуда, аз сабт бармеояд, ки он рӯзи 3 июн, соати 12:40 рух додааст. Корбарони Инстаграмнавиштаанд, ки ин занозанӣ дар мактаби рақами 50 сурат гирифтааст.

Видеои якдақиқагии ҷанги хонандагони яке аз мактабҳои Душанбе шоми 5 июн дар шабакаи Инстаграм дар саҳифаи tojikon_video нашр шуд. Видео камтар аз як дақиқа тӯл мекашад ва дида мешавад, ки чигуна ду гуруҳи хонандагон барои «разбор” (ҳисобукитоб) дар муқобили ҳам қарор гирифта ва аз гиребони якдигар мегиранд.

Дар занозанӣ тақрибан 10-15 нафар иштирок мекунанд ва як наврасе ки дар тан костюми кабуд дошт, чунон зери мушту лагат қарор мегирад, ки дар пайи ду шаттаи паиҳами ба сараш расида аз ҳуш меравад ва ин наврасро шариконаш аз дасту пояш кашола карда, аз майдони «ҷанг” берун мекашанд.

Камераи назоратӣ нишон медиҳад, ки занозанӣ рӯзи 3 июни соли 2018, соати 12:40 рух додааст. Ношири ин видео — tojikon_video дар бораи дар куҷо рух додани ин «ҷанг” изҳори бехабарӣ мекунад, вале бино ба навиштаи корбарони Инстаграм, ин занозанӣ дар мактаби рақами 50-уми шаҳри Душанбе рух додааст.

Мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз ба ин видео, ки шоми 5 июн дар шабакаи Инстаграм нашр шуд, вокуниш накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки видеоҳои занозаниҳо байни хонандагони мактабҳои Душанбе дар Интернет нашр мешавад. Ҳоло аксари мактабҳо бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки ҳар ҳодисаеро ки дар дохил ва атрофи мактабҳо мегузарад, сабт кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *