наручник

Дуздии 370 ҳазор сомонӣ дар Ёвон (аудио)

Муродзода Муҳаммад, соҳибкор ва сокини ноҳияи Ёвон ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат мекунад, ки шахсони номаълум 26-27-уми декабри соли 2022 бо шикастани дари манзили истиқоматиаш аз хонаи ӯ як сейфи оҳанинро медузданд.

Гуфта мешавад, ки дар дохили сейф 30 ҳазор доллари ИМА ва 60 ҳазор сомонӣ будааст.

Аз ҷониби шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон гуруҳи фавриву ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, 2-юми январи соли 2023 сокини ноҳияи болозикр Далер Ҳакимов бо гумони ҷинояти дуздӣ дастгир карда мешавад.

Гумонбар дар вақти пурсиш иқрор шудааст, ки ҳамроҳ бо ҳаммаслаконаш Амиршо Бобоев ва Сайдеҳроми Саъдулло, соли таваллудашон 1999 (ҳоло дар кофтуков қарор доранд) сокинони ноҳияи Ёвон ҷинояти дуздиро содир мекунанд.

Феълан дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон нисбати гумонбаршавандаҳо парвандо боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки гумонбарон ба ҷабрдида 370 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.