Шон МС

“Баттл”-и Шон МС ва Райдер нашр мешавад

Додихудо Абдураҳимов, роҳбари ютубканали “RAP PORTAL” бо нашри як видео хабар дод, ки “Баттл”-и Шон МС ва Райдерро барқарор карданд ва имкони пахши он пайдо шуд.

— “Баттл” барқарор шуд. Ҳар нафаре, ки реклама хариданӣ аст ё умуман ҳамин наворро мехоҳад дар саҳифааш гузорад, метавонад ба Сунат Шарипов муроҷиат кунад. Ӯ омода аст, ки “баттл”-ро фурӯшад,- мегӯяд Додихудо Абдураҳимов.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта блогери тоҷик Сунат Шарипов бо харҷи маблағи зиёд “баттл”-и Шон МС ва Райдерро дар Душанбе ташкил карда буд, вале бо сабаби омодагӣ надидани Шон МС навор нашр нашуд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш ташкилкунанда эълон кард, ки агар “баттл” барқарор шавад, онро ё мефурӯшад ва ё дар канали худаш нашр мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *