Нуриддин Давронов

Давронов ба “Реал Кашмир“ меравад

Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик, ки ба тими мунтахаби “Муҳаммедан” аз Калкаттаи Ҳиндустон пайваста буд, корномаи варзишии худро тағйир дод.

Шартномаи бозигар бо тим бо розигии ҳарду ҷониб ба итмом расидааст. Дар ин бора сомонаи дастаи ҳиндустонӣ хабар медиҳад.

Давронов қаблан фаъолияти аввалинро аз Душанбе дар мактаби футболи клуби Минск оғоз карда карда, аз соли 2006 то 2007 дар ҳайати ҷавонони “Энергетик”-и Тоҷикистон ва соли 2012 дар ҳайати “Истиқлол” беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон эътироф гардидааст. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ дар бисёр тимҳо бозӣ кардааст. Баъд аз қатъи шартнома бо тими “Муҳаммедан”, бозигар дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ хабар дод, ки то охири мавсим дар тими “Реал Кашмир” бозӣ хоҳад кард.

Реал Кашмир як тими футболи касбии Ҳиндустон аст, ки дар Сринагар, Ҷамму ва Кашмир ҷойгир аст. Ин тим дар Лигаи I рақобат мекунад. Онҳо аввалин клуби Кашмир мебошанд, ки дар ҳама гуна бозиҳои футболи кишвар рақобат мекунанд. Клуб аввалин мусобиқаи миллии худро моҳи сентябри соли 2016 ҳангоми бозӣ дар Ҷоми Дюранд 2016 гузаронид. Дар моҳи июли соли 2017 “Реал Кашмир” аввалин клуби Ҷамму ва Кашмир гардид, ки дар хоки хориҷӣ бозӣ карда, дар Шотландия 4 бозӣ анҷом дод.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *