Эҳтимол рақобати Ислом ва Оливейра барпо нашавад

Собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов хабар дод, ки эҳтимол аст рақобати Ислом Махачев ва Чарлз Оливейра дар доираи UFC 280 доир нагардад.

Ҳабиб сабаби дар майдон вонахӯрдани ду размкорро чунин гуфтааст: “Ба андешаи ман, Чарлз Оливейра ба Абу-Дабӣ намеравад ва ба ҷои ӯ UFC размкори дигарро ба майдон мебарорад. Вале новобаста аз он, ки рақиби мо кист, Ислом дар роҳи расидан ба чемпионӣ аст ва тамринҳояш хубанд”.

Бояд гуфт, ки ин ҳама ҳоло овоза аст, зеро ташкилоти UFC дар ин маврид расман чизе нагуфтааст. Дар баробари ин, варзишгари бразилӣ Чарлз Оливейра ҳам ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.