Эълони қатъи барқ дар чанд маҳаллаи Душанбе
Тавре ки Шабакаҳои тақсимоти барқ хабар додааст, бинобар корҳои таъмирӣ дар кӯчаҳои зерин барқ аз соати 8:00 то 18:00-и 17 апрел хомӯш карда мешавад:
🔸Ноҳияи Шоҳмансур – кӯчаҳои Айнӣ, Шарипов, А. Дониш, Пулод, Шевченко.
🔸Ноҳияи Фирдавсӣ – кӯчаҳои Н.Қарабоев, Мушфиқӣ, Борбад, Бухоро, Абай ва Фирдавсӣ.
🔸Ноҳияи Исмоили Сомонӣ – кӯчаи Шоҳтемур 37 ва биноҳои № 55 ва № 169/1 дар хиёбони Рӯдакӣ.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ