Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони Театри миллии Тоҷикистон боздид кард

Субҳи имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар маркази пойтахт бунёд мешавад, боздид ба амал оварданд.

Тибқи лоиҳа, ин бинои муҳташам аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, 34,5 метр баландӣ хоҳад дошт. Дар дохили он се толори калон, аз ҷумла толори асосӣ бо 2500 ҷойи нишаст ва ду толори дигар бо 1000 ҷойӣ, пешбинӣ шудааст.

Театри миллӣ ҳамчун як маркази муҳими фарҳангиву ҳунарӣ на танҳо ба рушду эҳёи санъати тоҷик мусоидат мекунад, балки ба симои меъмории Душанбе як зебогии нав мебахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *