Эмомалӣ Раҳмон: Аз оростани дастархони пурдабдаба худдорӣ намоед!
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо паёми табрикотии худ мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани Иди Қурбон табрик намуда, ба ҳар як хонадон сулҳ, баракат ва сарбаландӣ орзу кард.
Сарвари давлат иди Қурбонро ҳамчун ҷашни эҳсону муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ тавсиф намуда, таъкид кард, ки фалсафаи асосии он ба эҳтироми падару модар, дастгирии ниёзмандон ва худдорӣ аз ихтилофу исроф равона шудааст.
Президенти кишвар аз мардум даъват кард, ки аз оростани дастархонҳои пурдабдаба ва намоишкорӣ худдорӣ намоянд ва ба ҷойи он амали хайре анҷом диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки қурбонӣ фақат барои шахсоне воҷиб аст, ки имкони молии кофӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ