Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли FAO дидор кард

29 апрел дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Тсю Донгюй, мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дидору гуфтугӯ анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқавории устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат аз ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон бо FAO ва дастгирии доимии ин созмон дар татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор изҳори қаноатмандӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *