Эмомалӣ Раҳмон: Номи неку хизмати онҳое, ки аз ҶБВ барнагаштанд, фаромӯш намекунем!
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 80-солагии Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мардуми кишварро табрик гуфт ва саҳми бузурги тоҷиконро дар ин ҷанги таърихӣ ёдовар шуд.
Дар муроҷиати худ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мардуми тоҷик дар солҳои ҷанги фашистӣ бо ҷасорат ва фидокорӣ иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар пирӯзии умумӣ гузоштаанд.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд”.



Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг маъюб шуда, баргаштанд.


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
“Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем,” – таъкид кард Сарвари давлат.

Ба гуфтаи ӯ, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиёда аз 100 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, беш аз 40 ҳазор нафари дигар беному нишон шудаанд. Ҳамчунин, 60 ҳазор нафар бо маъюбият ба Ватан баргаштаанд.
Президент афзуд, ки ёд ва гиромидошти ҷоннисориҳои он замон як қарзи виҷдон ва таърихии наслҳои имрӯзу фардо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ