Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар оғӯши табиати Такоб

Имрӯз, 9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Садир Жапаров як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро  муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

“Сарони давлатҳо ва Раиси шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои зебо суҳбати озоди дӯстона доир намуданд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *