Эрдуғон: Бо Путин баҳс накунед!

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сиёсатмадорони ҷаҳонро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, бархӯрди онҳо бо раҳбари Русия Владимир Путин нодуруст аст. Ӯ дар ин бора зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии A Haber изҳор дошт.

Вай гуфт, ки чанде пеш дар Прага дар саммити Иттиҳодияи сиёсии Аврупо ширкат варзид ва дар он ҷо бо ҳамкасбон мулоқот кард. Вай ба онҳо хато будани чунин бархӯрдро нисбат ба Русия фаҳмонд.

«Агар шумо ба як давлате мисли Русия бархӯрдҳои нодуруст нишон диҳед, Путин худро ба ҳайси раҳбар муаррифӣ хоҳад кард, на руҳафтодашуда. Русия яке аз муътабартарин кишварҳои ҷаҳон аст. Бинобар ин, бо Путин баҳс накунед”,- таъкид кард Эрдуғон.

Вай ҳамчунин афзуд, ки раисиҷумҳури Русия он гуна сиёсатмадор нест, ки «таҳти фишор болояш як қадам ба ақиб гузорад».

Ҳамин тариқ, раҳбарони ҷаҳон оҳиста-оҳиста мавқеи худро нисбат ба Путин тағйир медиҳанд. Яке аз онҳо, ба гуфтаи Эрдуғон, Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон буд. «Як моҳ пеш вай нисбат ба Путин мавзеъгирии комилан дигарро ишғол карда буд ва ҳоло бархӯрди худ ба Русияро тағйир дода, ба зарурати пайдо кардани забони муштарак таъкид кардааст»,- мегӯяд Эрдуғон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *