Эрдуғон дар Ӯзбекистон чиро меҷӯяд?
Бо даъвати Шавкат Мирзиёев президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон 29-30-юми март бо тариқи расмӣ ба Ӯзбекистон меояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нуқтаи асосии барномаи сафари меҳмони олӣ ширкат дар ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия мебошад. Рӯзномаи мулоқоти раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии дуҷониба, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳояшонро дар бар мегирад.
Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, саноат, логистика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисод ва идомаи татбиқи фаъолонаи барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ равона хоҳад шуд.
Инчунин оид ба ҷанбаҳои актуалии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.
Дар ҷамъбасти саммит қабули изҳороти муштарак ва як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ