Кароматуллоҳи Мирзо

Эшони Кароматулло. Чаро сокинони Нилкон нависандаро чунин мегӯянд?

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ, дорандаи ордени Толстой (Россия) Кароматуллоҳи Мирзо адиби асил ва инсони соҳибдил ҳастанд.

Ҳангоми фаъолияти якҷоя дар Иттиҳоди адибон мо доим ҳамсуҳбат будем ва устод ҳамеша дастгиру мададгори мо буданд. Устод барҳақ адиби пуркор ва боистеъдоду ҷӯянда мебошанд. Мушоҳидакору рострав ва соҳибдил аст. Ягона нависандае мебошад, ки асарҳояш берун аз мамлакат хуш пазируфта шудаанд. Филми «Дар орзуи падар»-и адибро ҳатто президенти собиқи Афғонистон тамошо кардаву дӯст доштааст.

Асарҳои ҷовидонаи устод Кароматуллоҳи Мирзо «Марги бегуноҳ», «Дарди ишқ», «Ишқи сархӯр» «Нишони зиндагӣ», “Дар орзуи падар» «Моҷарои зиндагӣ” ва садҳо қиссаву ҳикояҳои ӯ ба китобҳои рӯйимизии хонандагон табдил ёфтаанд. Устод ягона адиби тоҷик аст, ки қариб ҳамаи асарҳои вай саҳнавӣ шудаву аз рӯи онҳо филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудаанд. Ин гуна бахт ба ягон адиби дигари тоҷик насиб нашудааст.

Инак, ба муносибати 80-солагии адиб китоби нави ӯ «Лаҳзаҳо дар дунёи гузаро» аз нашр баромад. Китоби нави устод саршори идеяҳои олии инсонӣ, яъне ёдномаҳо аз зиндагиномаи устодону ҳамкорон ва хотираҳои нависанда иборат мебошад. Хотираҳои адиби дардошно аз зодгоҳаш — деҳаи зебои Нилкони ҷамоати Роҳатӣ оғоз ёфта, то саросари олам сайр доранд ва хонандаро ба лаҳзаҳои аҷиб мебаранд. Нигоштаҳои устод дар бораи падари бузургвораш, ки миёни мардум мисли аллома, донандаи ислому фарҳанг, адабиёт ва бунёдгузори масҷиди деҳа ном баровардааст, домулло Мирзо хеле таъсирнок мебошанд. Қиблагоҳашон бо бузургӣ, фурӯтанӣ ва ҳозирҷавобию фазилати донишмандӣ шуҳратёр будааст. То ба имрӯз мардуми деҳа устодро «Эшони Кароматулло» гӯён ном мебаранд. Рез-реза хотираҳо ва сафарномаву очеркҳои бадеии устод Кароматуллоҳи Мирзо дар китоби наваш хонданиву мондагор буда, туҳфаи шоистаест барои хонандаи тоҷик.

Маҷид САЛИМ, нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *