eSIM: қулай, боэътимод, мубрам

SIM-кортҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба ҷои симкортҳои анъанавӣ ҳарчи бештар маъмул мешаванд. Зимнан,  намунаи  “мукаммали” eSIM чӣ гуна афзалиятҳо дорад, онро  чӣ тавр  пайваст кардан мумкин аст ва метавонем инро ройгон анҷом диҳем? Якҷоя бо мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки аввалин шуда дар кишвар намуди нави кортро ба муштариён пешниҳод кардааст, посух медиҳем.    

Се ҷиҳати мусбати  eSIM   

Яке аз афзалиятҳои  асосии корти электронӣ дар ин  аст, ки онро  гузоштан ё иваз кардан лозим нест. Дар баъзе ҳолатҳо, масалан, ҳангоми интиқоли он ба телефони нав, SIM-корти муқаррариро аз дастгоҳ гирифтан  лозим меояд, бинобар ин метавонед ба он осеб расонед. Ғайр аз ин,  SIM-кортҳо   намуд  ва андозаҳои гуногун доранд  ва  метавонанд ба гаҷети дигар мувофиқат накунанд.  eSIM бошад шакли  микросхемаи  васлшударо дорад, он намешиканад, зеро онро аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан зарур  нест.    

Бартарии дуюм ин имконияти  истифодаи якчанд рақам дар як корт мебошад. Масалан, бо як eSIM шумо метавонед тамосҳои  корӣ ва шахсиро ҷудо кунед. Барои ин ду SIM-корти шакли пештара  лозим мешавад.  Зимнан,   eSIM барои сафару сайёҳатҳо   низ муфид аст,   ҳангоми дар хориҷа будан  дигар зарурат надорад, ки   кортро  иваз кунед, танҳо ба шумо лозим аст, ки маълумоти навро тавассути  рамзи QR ба eSIM боргирӣ   намоед.    

Ва ниҳоят афзалияти  сеюм ин аст, ки eSIM-ро дар дастгоҳҳое истифода бурда метавонед, ки барои SIM-кортҳои муқаррарӣ слот надоранд. Ин  танҳо ба соатҳои доно  ё датчикҳои  системаи «Хонаи доно»  дахл надошта, балки  истеҳсолкунандагони смартфонҳо низ оҳиста-оҳиста аз  SIM-кортҳои муқаррарӣ даст  мекашанд.  Масалан, дар iPhone 14 ва баъзе  дигар тамғаҳои  замонавӣ  аллакай слот барои симкортҳо  вуҷуд надорад.     

Як  ҷиҳати манфии   eSIM

Дарҳол мегӯем, ки ин  хусусияти манфӣ  пайваста коҳиш меёбад ва шояд  дар ояндаи наздик комилан аз байн меравад. Мушкилот дар он аст, ки на ҳамаи намудҳои  смартфонҳо технологияи eSIM-ро дастрас  менамоянд.  Мантиқ чунин аст: телефон ҳар қадар навтар бошад, шумо метавонед корти электрониро дар он боэътимодтар истифода баред, зеро он дорои модули васлшудаи дахлдор  мебошад.       

Санҷидани  дастрасии пайвасткунии eSIM дар смартфони  шумо тавассути танзимоти телефон  ё  дар сомонаи    ширкати   «МегаФон Тоҷикистон»  имконпазир аст.    

 eSIM чӣ тавр пайваст карда  мешавад          

Агар смартфони шумо кортҳои электрониро дастрас намояд, вақти он расидааст, ки аз SIM-кортҳои муқаррарӣ  даст  кашед  ва ба намунаи қулай  ва замонавӣ  гузаред. Инро метавон дар идораҳои  хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” бо доштани  худи дастгоҳ ва шиносномаи  барои идентификатсия  ва ё ба таври дурдаст – тавассути  замимаи мобилии «МегаФон Life»  анҷом дод.      

Феълан   варианти дуюм қулайтар аст ва  он барои фаъолкунии  eSIM  дар дилхоҳ  ҷой имкон медиҳад. Аз ин рӯ,  мо дар бораи амалҳои зарурӣ дар ин ҳолат муфассалтар маълумот медиҳем.   Аввалан, шумо бояд ба замимаи «МегаФон Life» ворид шуда, дар саҳифаи асосӣ қисми  “Мушовир” -ро интихоб кунед ва “eSIM” -ро ҳамчун мавзӯи дархости худ ба мушовири онлайн нишон диҳед. Пас аз ин, мутахассиси ширкат посух медиҳад ва ба шумо дар раванди фаъолсозӣ кӯмак мекунад.      

Гузаштани  идентификатсияи шахсият дар ин усули пайвастшавӣ низ лозим аст, барои  ҳамин  шумо метавонед пешакӣ  шиносномаи худро (аз ҳарду тараф) акс гиред  ва  бо ҳуҷҷат селфи кунед.  Инчунин, барои тасдиқи шахсият  ба шумо SMS бо рамзи чоррақама фиристода мешавад, ки  бояд онро дар давоми як дақиқа пешниҳод кунед. Баъд аз он, шумо истинодро   барои фаъолкунии   eSIM ба даст меоред.     

Арзиши пайвасткунии  eSIM  чӣ қадар аст

Нархи муқаррарӣ барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 10 сомонӣ аст. Аммо агар шумо ягон тарофаро бо арзиши 85 сомонӣ ва аз он боло   пайваст кунед, eSIM ройгон фаъол карда мешавад. Аз имкониятҳои оянда аллакай  имрӯз баҳравар гардед!       

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *