Эътимоднома ба директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи супоридани эътимоднома ба директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо хабар дод.

— Маросими супоридани эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба директори генералии Созмони Ҷаҳонии Савдо хонум Нгози Оконҷо-Ивеала баргузор гардид,- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод, аз ҷумла дастовардҳо дар давраи узвият дар созмон, рафти татбиқи уҳдадориҳои гирифташуда, иштироки кишвар дар низоми савдои бисёрҷониба ва дурнамои тақвияти робитаҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *