Эътирофи генерали амрикоӣ

Ҷозеф Данфорд, сардори штаби  муштараки неруҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, Толибон дар ҳоли “шикаст хӯрдан нестанд” ва “роҳи ҳалли низомӣ” роҳи хотимаи ҷанг дар Афғонистон нест.

Баёнияи генерали амрикоӣ дар бораи ҷанги Афғонистон дар замоне садо медиҳад, ки Амрико ва Афғонистон саъй доранд, бо Толибон музокироти сулҳро ба роҳ андозанд.

Баъди шуруи амалиёти Амрико ва суқути Толибон дар соли 2001, ҳоло ин гуруҳ назар ба ҳар соли дигар қаламрави зиёдеро зери назорат дорад. Ҷозеф Данфорд, дар як мубоҳисае дар шаҳри Ҳалифакс дар Канада гуфт: “Одилона бояд гуфт, ки ҳоло онҳо дар ҳоли бохтан нестанд.”

Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, Амрико ва шариконаш дар паймони НАТО кӯшиш доранд, бо фишорҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ Толибонро мутақоид кунанд, ки барои поён додан ба ҷанг ба музокирот розӣ шаванд.

 

“Мо бовар дорем, ки Толибон як рӯзе бояд мусолиҳа кунанд ва калиди муваффақият ин аст, ки бо истифода аз тамоми фишор онҳоро ба музокирот мойил кунем” — гуфтааст, Ҷозеф Данфорд.

Баъди 17 соли ҷанг дар Афғонистон ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, талошҳо барои хотима додан ба муноқиша аз роҳҳои сулҳомезро пеш гирифтааст.

Доналд Трамп, чанде пеш Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистонро муттасадии оғози музокироти сулҳ бо Толибон таъйин кард ва рӯзи 10-уми ноябр бо ӯ мулоқот дошт. Залмай Халилзод то кунун бо намояндагони Толибон, ки дар Қатар як дафтари сиёсӣ доранд, мулоқот доштааст.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Айни замон гуфтааст, ки фиристодаи Амрико ба онҳо ваъда додааст, ки ҷузъиёти мулоқоти худро бо намояндагони Толибон бо аъзои ин шӯро дар миён мегузорад.

Залмай Халилзод, рӯзи 17-уми ноябр баъди мулоқот бо Толибон озими Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *