Эътирофи Толибон. Изҳороти пурсарусадои Замир Кобулов

Дипломати шинохта, мудири департаменти дуюми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов дар робита ба Афғонистон як қатор изҳороти муҳим дод, аз ҷумла оид ба масоили эътирофи ҳукумати Толибон ва амнияти Осиёи Марказӣ.

Ба гуфти ӯ, намояндагони мақомоти нави Афғонистон нигаронии Русия ва кишварҳои дигарро аз қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дарк мекунанд. Ба инкишофи онҳо шароити ҳозираи мамлакат мусоидат мекунад.

«Худи ҷунбиши Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунад, дигар ба Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад. Равобити деринаи сиёсӣ ва дипломатии онҳо ҳадди ақал бо Ӯзбекистон ва Туркманистон хуб рушд кардааст»,- таъкид кард Кобулов.

Дипломат дар бораи фаъолияти гуруҳҳои мамнуъ сухан ронда, қайд кард, ки террористон дар Афғонистон аз англосаксонҳо ёрию маблағ мегиранд. Кобулов таъкид кард, ки ин воқеан ба субот дар Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар робита ба Афғонистон чанд изҳороти муҳими дигар дод.

Ҳамин тавр, Кобулов гуфт, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар сурати зарурат интиқоли фаврии ғалла ба ин кишварро тасдиқ кардааст. Нуриддин Азизӣ, вазири тиҷорати Афғонистон, ки аз сӯи толибон таъйин шудааст, барои баррасии ин масъала ба Маскав сафар мекунад.

Пештар Кобул бо рӯйхати молҳои зарурӣ ба Маскав муроҷиат карда буд. Дар байни онҳо гандум, маҳсулоти нефтӣ ва дигарҳо ҳастанд.

Илова бар ин, дипломат ба эътирофи ҳукумати толибон дар Афғонистон дахл кард. Ба гуфтаи вай, дар ин масъала Федератсияи Русия на ба ИМА ва на ба дигар кишварҳо нигоҳ намекунад.

«Чунин дурнамоҳо возеҳу равшан вуҷуд доранд, шартҳоро ҳам раисиҷумҳури Русия ва ҳам вазири корҳои хориҷӣ ироа карданд»,- гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ. Вай афзуд, ки қадами аввал дар ин самт бояд қудрати фарогири этносиёсӣ бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *