Facebook ва Twitter хабарҳои дурӯғро доир ба интихоботи Амрико тамға мекунанд

Facebook ва Twitter, ки аллакай барои тасмимашон дар заминаи назорат аз иттилои дурӯғин ва хабарҳои марбут ба интихобот дар ин шабакаҳо таҳти заррабин қарор гирифтанд, аз тасмими худ барои тамғагузории навиштаву видеоҳои Доналд Трамп дар бораи натиҷаҳои интихобот ҳимоят карданд. Хабар медиҳад Озодӣ.

Дар як навиштааш рӯзи 4-уми ноябр Трамп бидуни асос дар бораи гӯё тақаллуб шудани овозҳо сухан карда ҳатто худро барандаи интихобот эълон намуд. Twitter ҳамон замон иқдом кард ва ин матнро ҳамчун “иттилои ғафлатнок” тамғагузорӣ кард. Ширкат баъдан худ дар шарҳи ин кораш навишт, ки “@realDonaldTrump як иддаое кард, ки хонандаро дар бораи интихобот ба ғафлат меандозад ва ин кор мутобиқ бо Сиёсати ҳамгироии маданӣ анҷом шудааст”. Ҳамчунин ин навиштаи Трамп наметавонад аз ҷониби дигарон бознашр шавад.

Президент айни чунин паёмро дар Facebook ҳам нашр кард ва ҳамон замон ин навишта огаҳии марбут ба “санҷиши дурустии хабар”-ро дарёфт кард. Дар ин огаҳӣ навишта шуд, ки “натиҷаҳои ниҳоӣ метавонад аз хулосаҳои пешакӣ фарқ кунад, шумориши оро чанд рӯзу ҳафта ҳам идома хоҳад кард”.

Ин дар ҳолест, ки ҳарду шабакаи иҷтимоӣ дар остонаи интихобот ҳушдор доданд, ки алайҳи ҳама номзаде, ки пеш аз эълони натиҷаҳои расмии ниҳоӣ худро баранда эълон мекунад, иқдом хоҳанд кард.

Трамп ҳамчунин дар як паёми видеоӣ дар ҳарду шабакаи иҷтимоӣ худро барандаи интихобот эълон кард, ҳарчанд то ҳол натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ ҳисоб нашудааст. Facebook дар посух ба ин кори Трамп навишт, ки “барандаи интихоботи президентии соли 2020-и ИМА ҳанӯз маълум нашудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *