Фаъолияти чандин муассисаи тандурустӣ муваққатан боз дошта шуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки соли гузашта нисбат ба 11562 шахси мутасаддӣ барои риоя накардани талаботи санитарӣ ва эпидемиологӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Ҳамчунин, бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию эпидемиологӣ фаъолияти 651 иншоот муваққатан боз дошта шудааст. Парвандаҳои марбут ба онҳо барои баррасӣ ба мақомоти тафтишотӣ ирсол гардидаанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2024 сатҳи фавти кӯдакони то 1-сола ба 11,8 ва кӯдакони то 5-сола ба 14 ҳолат барои ҳар 1000 таваллуди зинда баробар шудааст.

Нишондоди фавти модарон коҳиш ёфта, ба 24,5 ҳолат барои ҳар 100 000 таваллуди зинда расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *