Ифтитоҳи 20 озмоишгоҳ дар АМИТ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳ ба истифода дода шуд. Тамоми озмоишгоҳҳо бо асбобу технологияи замонавӣ таъминанд.
Зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 16 озмоишгоҳ, дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо беш аз 60 номгӯй асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ, 3 пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Инчунин, барои пешбурди корҳои сейсмологӣ дар Тоҷикистон таввассути Бонки ҷаҳонӣ ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия 32 номгӯй асбобу таҷҳизоти замонавии соҳаи сеймология дастрас карда шуд.
Соли 2025 бошад, як озмоишгоҳи замонавӣ дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо технологияҳои замонавӣ ба истифода дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ