Фаришта Ҷаҳонгир — Эрон

Дили зор

Як нафар доим бароям посбонӣ мекунад,

Бо нафаҳмиҳои худ нафратрасонӣ мекунад.

Ман ба ӯ гуфтам бирав, ин нест роҳи ошиқӣ,

Чунки бо кирдори худ манро равонӣ мекунад.

Хаста аз бевожа буданҳову пўчу холиам,

Дард дорад бо дили зорам табонӣ мекунад.

Меравад аз ёди ман рафтори ноҳинҷори ӯ?

Гиря бо аҳволи зорам ҳамзабонӣ мекунад.

Буғз мегирад гулӯямро чӣ ранҷе дидаам,

Ашки ман аз ғуссаҳоям мизбонӣ мекунад.

Лаҳзае ҳатто бидуни ҷанг бо ман сар накард,

Ёди ӯ ҳам бо дилам номеҳрубонӣ мекунад.

***

 Сахра  

Сахра гоҳе мешавад аз ҷўйборе бишиканад,

Кӯҳро ҳам метавонад обшоре бишиканад.

Мисли захми кӯза ҳаргиз қобили таъмир нест,

Қалб агар аз иттифоқи ногуворе бишиканад.

Оҳи ҷангал домани ҳезумшикан гирад агар,

Захм бардорад дарахту шохсоре бишиканад.

Боди пойиз омаду фаслам ба зардӣ мекашад,

Сарв ҳам аз ғуссаи бебаргу борӣ бишиканад.

Сабр бояд карду медонам намедонад дилат,

Метавонад сангро чашминтизоре бишиканад.

***

Танноз  

Бо шеъри нобам кори сад танноз хоҳам кард,

Бо ман бимонӣ дидаро ғаммоз хоҳам кард.

То монеат гардам барои рафтан аз шеърам,

Ҳар байтро пеши ту дастандоз хоҳам кард.

Лайло ба Маҷнун ишқро омӯхт бо сабраш,

Боре ба Маҷнун гуфт бо ту ноз хоҳам кард.

Ҷом аз кафи сурхи шақоиқ бо ту менӯшам,

«Чашми шуморо Саъдии Шероз хоҳам кард».

Шоир шуд аз вақте Фаришта дид меҳратро,

Бо ту ба обу оина парвоз хоҳам кард.

فرشته جهانگیر-ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *