«Лоиҳаи Сино» ба рӯзноманигорон омӯзиш медиҳад

Имрӯз семинари омӯзишӣ дар меҳмонхонаи «Атлас» миёни рӯзноманигор баргузор гашта истодааст.

Семинарро Парвина Мухторова, директори МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»  оғоз намуд.

Мавзӯи семинар » Асосҳои психологии муоширати касбии журалистон» буда, паҳлӯҳои онро Маҳмадулло Давлатов равоншинос, устоди ДМТ шарҳ дод.

Лозим ба ёдоварист, ки дар семинар аз расонаҳои гуногуни кишвар иштирок доранд.

Ногуфта намонад, ки ин семинар дар  доираи лоиҳаи » Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҶТ-  марҳилаи баромад» (Лоиҳаи Сино) баргузор гашта истодааст.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *