Фаришта Зиёӣ — Афғонистон

Навозиш…

Китобҳои сангини рӯйи мизам,

Ёддоштҳои анбошташуда.

Рӯзномаҳои хабарсоз,

Ҳатто навиштани номат рӯйи гугл.

Ҳеҷ кадом барои шинохтанат кофӣ нест,

Туро мешавад дар офтобе ҳис кард, ки ногаҳон васати замистон,

Карахтии гунаҳоро навозиш мекунад.

Ва ё атри қаҳваӣ, ки баъд аз як рӯзи дароз,

Нақши лабхандеро рӯйи лабони хаста ҷо мегузорад.

Туро мешавад бо як бӯса,

Бар рӯйи оина офарид,

Ва бо як оҳанги қадимии ошиқона замзама кард.

Ту танҳо мавҷуде ҳастӣ, ки мешавад дар ту,

Печидатарин соддагиҳои худро ёфт.

***

 Андӯҳ…

Баҳор ҳам бахше аз рӯзмаррагиҳост,

Мисли замистон, мисли хазон ва мисли ту.

Вақте қарор нест шукуфтанро,

Дар лабони ту таҷриба кунам.

Чӣ фарқ мекунад осмон,

Чӣ ранге дорад.

***

Нилуфар

Ман нилуфаре ҳастам, ки

Дар хобҳо мешукуфам.

Ва бо ҳар чашм боз кардан пар-пар мешавам.

На ман мемонаму на хобҳоям,

Фақат хандақе, ки

Нилуфарҳои дигареро мезоёнад.

Бе ту як абри баъди боронам,

Бе ту парвози байни зиндонам.

Бе ту бекастарини рӯйи замин,

Худ надонам зи хештан, ҷонам.

Хандаи кунҷи лаб маро кушта,

Ёдҳо гашта, таб маро кушта.

Дил зи ман бебаҳона меранҷад,

Бе ту будан аҷаб маро кушта.

***

 Қонуни ҷангал

Шопарак болу параш сӯхта беҳ,

Шамъ бо шӯълаи афрӯхта беҳ.

Дар сукуте, ки садо мешиканад,

Хашми лабҳо ба ҳам дўхта беҳ.

Ҷангал ин ҷост чумоқе бояд,

Хушку тар байни уҷоқе бояд.

Ҳар чӣ гуфтанд ту бовар накунӣ,

Тарҳҳо рӯйи ривоқе бояд.

Бо чӣ пайванд занӣ? Мешиканад,

Мушт аз бедаҳанӣ мешиканад.

Ҷангалеро, ки қад афроштааст,

Ҳукми ваҳшишикане мешиканад.

Содда ҷон! Фалсафабофӣ то кай,

Байни қир ин ҳама софӣ то кай.

Хона гар сохтаӣ фарқи сарат,

Баҳри хоб ин ҳама вофӣ то кай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *