Эмомалӣ Раҳмон

Фармони нави Президент оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

1-уми марти соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд.

Аз ҷумла, дар фармони мазкур омадааст, ки “хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардида хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 аз тамоми сохторҳои низомӣ ба эҳтиёт рухсат карда шаванд”.

“Моҳҳои апрел-майи соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида барои хизмат ба сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”,- омадааст дар фармони мазкур.

Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин кор вазифадор карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *