форум

Иштироки беш аз 800 намояндаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар форуми Душанбе

Имрӯз, 2-юми март дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор шуда истодааст.

Тавре хабарнигори Pressa.tj аз макони ин ҳамоиши иқтисодӣ хабар дод, форум дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёту логистика, сайёҳӣ ва маориф дар панелҳои алоҳида баргузор мешавад.

Инзор меравад, ки дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар баргузор шуда, барои ҳамкории минбаъда бастаи шартномаҳо ба имзо расанд.

Бино ба иттилои масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши иқтисодӣ зиёда аз 800 намояндаи ширкату корхонаҳо дар соҳаҳои гуногун аз Тоҷикистон ва Русия иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *