Фармони Трамп ва нигаронии муҳоҷирони тоҷик
Доналд Трамп, Президенти Амрико рӯзи 28-уми апрел бо имзои як фармони иҷроӣ талаб кард, ки ҳамаи ронандагони мошинҳои борбар (truck drivers) дар ин кишвар бояд пеш аз шурӯи кор имтиҳони дониши забони англисӣ супоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бо ҳадафи “таъмини амнияти оилаҳои амрикоӣ дар роҳҳо” анҷом дода мешавад.
Бар асоси ин фармон, Вазорати нақлиёти Амрико вазифадор шудааст, ки роҳнамои пешинаро, ки талаботи донистани забони англисиро суст мекард, бекор кунад.
“Президент Трамп бар он аст, ки донистани забони англисӣ барои ронандагони касбӣ шарт аст ва набояд нодида гирифта шавад. Онҳо бояд битавонанд аломатҳои роҳро хонанд, бо кормандони полис, гумрук, назорати вазни бор ва мақомоти дигар бо осонӣ гуфтугӯ кунанд”,- омадааст дар шарҳи расмии фармон.

Таъсири фармон ба муҳоҷирони тоҷик чист?
Теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Иёлоти Муттаҳида ронандаи мошини борбар ҳастанд, аммо бахше аз онҳо ба таври кофӣ забони англисиро намедонанд. Бо татбиқи фармони нав, эҳтимол бисёре аз онҳо бо душворӣ ва маҳдудият дар идомаи кор рӯ ба рӯ шаванд.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар мактбаҳои ронандагии аёлати Пенсилвания ва Флорида, ки русзабонҳо таъсис додаанд, муддати кӯтоҳе таҳсил карда, ҳуҷҷати ронандагии мошинҳои боркашон ё CDL-ро ба даст меоранд. Омӯзгорони аксар чунин мактабҳо рус, ӯзбек ва гоҳе тоҷик ҳастанд, ки имкон медиҳад муҳоҷирон бо ин забонҳо муошират карда, дар ниҳоят ҳуҷҷати ронандагӣ бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ