Фарзанду  набераҳо ва келини Додохонов дар Мадина ба хок супурда мешаванд

Прокурори генералии  Арабистони Саудӣ ба таҳқиқи қазияи ҳалокати оилаи Додохонов дар шаҳри Мадина шуруъ кардааст. Прокуратура аз наздикони Бахтиёр Додохонов дархост кардааст, ки барои бозкушоии ҷасадҳо ё анҷоми амалиёти колбадшиносӣ иҷозат бидиҳанд.

Намояндагони Прокуратураи генералии  Саудӣ гуфтаанд, ки барои мушаххас кардани сабаби марги 4 узви як хонавода бояд амалиёти тибии колбадшиносӣ анҷом дода шавад.Тибқи фарзияи пешакии прокуратураи  Арабистони Саудӣ, писари хонадон Бахтиёр Додохонов ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш заҳролуд шудаанд ва ё тариқи буғӣ кардан ба ҳалокат расидаанд.Наздикони онҳо  тасмим доранд, ки  ҷасади фарзанд, келин ва ду набераи Манзурхон Додохонов дар шаҳри Мадина ба хок супорида шавад.Зеро ба қавли онҳо, “аз Мадина ба Душанбе хатсайри мустақим парвоз намекунад ва мо намехоҳем, ки ҷасади наздиконамонро ин қадар ранҷ диҳем. Тақдирашон ҳамин будааст ва мо мехоҳем онҳо дар шаҳри муборакаи Мадина ба хок супорида шаванд.” Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз(12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд. Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ  аз шаҳри Риёз гуфтааст,ки  марги хонаводаи соҳибкори тоҷик Додохонов мавриди таҳқиқи сохторҳои дахлдори Арабистони Саудӣ қарор дорад ва баъди анҷоми ташхиси тиббӣ сабаби марги онҳо маълум хоҳад шуд. Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Саудӣ афзудааст,ки  сафорат аз дақиқаҳои аввали расидани ин хабар бо мақомот дар тамос аст ва баробари расидани хабарҳои нав онро дар ихтиёри матбуот хоҳад гузошт. «Мо бо онҳо дар тамоси доимӣ қарор дорем. Аммо доир ба сабабҳо ва ҳолати рух додани ин ҳодисаи нохуш чизе гуфта наметавонем, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиббӣ машғули таҳқиқотанд. Посухи онҳоро интизорем. Баробари расидани хабарҳои нав, хабар хоҳем дод», — гуфтааст  Заробиддин Қосимӣ.​

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *