Фарзиншоҳ Ҳусейнов: Пойи осебдида садди роҳи қаҳрамонӣ нашуд

Имсол барои варзишгарони Тоҷикистон соли бобарор буд. Дар ҳама самтҳо варзишгарони мо ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд. Фарзиншоҳ Ҳусейнов яке аз варзишгарони хуштолеи мост, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар шаҳри Еревани Арманистон, ки аз 14 то 16-уми октябр баргузор гардид, нишони тиллоро миёни ҷавонони 18-20-сола соҳиб гашт ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо гардид. Бо Фарзиншоҳ Ҳусейнов атрофи роҳҳои расидан ба унвони қаҳрамонӣ суҳбате оростем.

— Аз мусобиқае, ки дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, чӣ чизе бароятон хотирмон буд?

— Хотирае, ки аз шаҳри Еревани Арманистон гирифтам, ҳеҷ фаромӯш нахоҳад шуд, зеро дар он ҷо қаҳрамони ҷаҳон гардидам.

— Ин ғолибият чӣ гуна ба даст омад?

— Ҳар варзишгаре, ки ба мусобиқае рафтан мехоҳад, ҳатман бо омодагии ҷиддӣ ва бо умеди қаҳрамонӣ меравад. Вале ҳамоне қаҳрамон мегардад, ки заҳмати зиёд кашида бошад. Ҳарифи аввалини ман аз Қазоқистон буд. Ӯро бо ҳисоби 5 бар 2 мағлуб намудам. Ҳарифи дигарам, ки бо ҳисоби 10 бар 1 мағлуб намудам, аз Муғулистон буд. Вақте бо рақиби муғулӣ рақобат мекардам, дар дақиқаи дуюм поям ҷароҳат бардошт ва бо ҳамон пойи осебдида рақобатро давом додаму ғолиб омадам. Дар вохӯрии ниҳоӣ ҳарифам аз Ӯзбекистон буд. Ба ӯ бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омадам.

— Бо пои осебдида чӣ тавр сабқатро идома додед?

— Осеб диданамро устодам Комроншоҳи Устопириён тариқи телевизион дидаанд. Пеш аз оғози даври ниҳоӣ паёмак доданд, ки “ту метавонӣ қаҳрамон гардӣ, ба роҳат идома деҳ. Ман ба ту боварӣ дорам”. Ҳамин сухан боис гашт, ки ман то охир қувваозмоиҳоро идома диҳам.

— Боварӣ доштед, ки унвони қаҳрамониро ба даст меоред?

— Бале, боварии калон доштам. Агар боварӣ надошта бошед, чаро ба мусобиқа меравед? Ман бо роҳнамоии устодонам тайёрии ҷиддӣ дида, баъдан ба ин мусобиқа сафарбар гардидам.

— Вақти садо додани суруди миллӣ ва барафрохтани парчами кишвар чӣ ҳиссиёт доштед?

— Ҳар як варзишгаре, ки медали тилло мегирад, парчами кишвар баланд мегардаду суруди миллӣ садо медиҳад, ин ҳиссиётро танҳо ҳамон варзишгар эҳсос карда метавонад. Ҳиссиёти бисёр хубе доштам.

— Тамринҳоро дар куҷо мегузарондед?

— Тамринҳоро дар толори варзишии Усто Устопириён ҳамроҳи мураббиён Усто Устопиров, Фаридуншоҳ Устопиров ва Комроншоҳ Устопириён мегузаронидем. Фахр мекунам, ки дастпарвари ин устодон ҳастам. 

— Қабл аз Қаҳрамони ҷаҳон гардидан чӣ дастовардҳо доштед?

— Ба ғайр аз ин дар мусобиқоти зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок кардаам. Чанд маротиба дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро соҳиб гаштам. Соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 30 давлат баргузор гардид, миёни калонсолон оид ба гӯштин соҳиби ҷойи аввал шудам. Боз дар Хуҷанд дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм гашта, роҳи худро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ кушодам.

— Ба ғайр аз варзиш ба чӣ кор машғулед?

— Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ҳастам ва дар факултети забонҳои шарқ дар риштаи тарҷумони забонҳои хитоӣ-англисӣ таҳсил мекунам. Бо забони хитоӣ озодона суҳбат мекунам.  

— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Дар оянда талош мекунам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, парчами кишвари азизамонро баланд бардорам.

— Ба шумо барор мехоҳем!

Мусоҳиб: Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *