ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ -Тоҷикистон

ҒАФЛАТ

Рўзе, ки нашъаҳои ҷавонӣ бадал шавад

Бар раъшаҳои пирӣ.

Тақвим аз миёнаи майдон кашон-кашон

Моро барад ба гўшаи узлат,

Бар пушти пардаҳои фаромўшӣ,

Бар сояи ҳақирӣ,

Шояд ҳамон замон

Мо маънии саодати «ҳоло»-ро

Эҳсос мекунем.

Ҳоло ҳанўз на,

Ҳоло бад-ин даводави бемантиқ,

Ҳоло бад-ин тааҳҳуди беҳосил,

Ҳоло бад-ин талошу ҳаёҳўи беҳадаф

Мо хешро нафас ба нафас гўр мекунем,

Мо ҳеҷро қадам ба қадам сур мекунем.

Дар сари мост паркушоянда

Фикри дарёфтани мартабаву ҷоизаҳо.

То замони шуруби лолаи дил,

То худоҳофизии ҳарфҳову манзараву суратҳо

дар бисоти ҳофизаҳо.

Ту намедонӣ, эй дили ношукр,

Ки субҳ ҷоизааст.

Баҳор ҷоизааст.

Бирлиони шабнам,

Ангубини маҳтоб,

Атсаи нилуфар аз гулўи нилии об,

Ҳама инояти Парвардигор ҷоизааст.

Ин тамошои бадеъ

аладдавом намемонад.

Зи баъди сонияе

миёни мову олами рўшан

фурсати салом намемонад.

Пас биё,

Биё, чу ҷоизаи Эзидӣ, сапедаи субҳ,

Кабўтарона биё.

Зи ғайб пайки бақо деҳ, аё хуҷастаҳузур,

Зи бекарона биё.

Бишўй ғафлати маро ба нури огоҳӣ,

Ба шодбодии рўзу шаби равона биё.

Чаҳор хонаи дил чанд баста хоҳад монд,

Биё ба хонаи худ, эй туи ягона, биё.

***

ОСТОНИ РОСТОН

Пасандози ҳаётам сад гуноҳ аст,

Ҳамин як тавбаамро бар ту пешандоз овардам.

Пас аз саргаштагиҳои абас

дар кўчаҳои каҷмакаҷ худро,

Ало, эй остони ростон, бар пойбўсат боз овардам.

Агарчанде, ки раҳматро намешоям,

Бубахшоям…

***

ШАРТНОМА

Эй қанориҳо,

Ошноёни азизи қафасӣ,

Устодони дарсии мусиқии нафасӣ.

Ман шуморо

Бо чунин шартномаи зебо,

(балки сангину нораво)

Менамоям озод.

Ки шумо рўздармиён ҳамора меоед

Ба ин маҳаллаи бобоӣ,

Ба ҳамин боғаки ёбоӣ.

Ба қадамбўсии хуршеди гулнишеман,

Ба пурсупоси лолаву савсан,

Ба саломи қанории дили ман.

***

СЕБАРГА

Саре аз айну шину қоф баргир,

Ки сад исму мусаммо дорӣ имрўз.

 (Мавлоно)

Барги аввал айн,

Барги дуввум шин.

Барги саввум қоф.

Каъбаи сурхи ту медонад

Ин се ҳарферо, ки мекардам тавоф.

Як ҳамин себаргаро ман мебарам бар зодрўзат,

Эй азизи асри сиву чил,

Лутф кун, эй навтарин Инсони олам,

рўнагардон.

Аз ҳамин себаргаи дил.

فرزانه خجندی — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *