Фарҳоди Дарё: Ҳеҷ абархабисе наметавонад садои мусиқиро дар Афғонистон хомӯш кунад
Овозхон ва ҳунарманди маъруф Фарҳоди Дарё дар гуфтугӯи махсус бо Afghanistan International дар бораи ҳолати мусиқӣ ва санъат дар Афғонистон сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки гарчанде мусиқӣ дар кишвар имрӯз таҳти фишори шадид қарор дорад, “аммо ҳеҷ абархабисе қодир нест, ки садои онро хомӯш созад”.
Дар ин мусоҳиба Фарҳоди Дарё, яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии Афғонистон, дар бораи вазъияти душвори санъат, маҳдудиятҳои таҳмилшуда ва оянда сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки мушкилоту фишорҳои иҷтимоӣ натавонистанд ва нахоҳанд тавонист нури мусиқиро хомӯш кунанд.
Ба қавли овозхон, мусиқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳувияти миллии мардум буда, ҳеҷ зӯре қодир нест онро аз ҳаёти халқ несту нобуд созад. Дарё бовар дорад, ки сарфи назар аз ҳама монеаҳо, мусиқӣ дар дили мардум зинда хоҳад монд ва рӯзе боз ба Афғонистон бозхоҳад гашт.
Ёдовар мешаве, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати “Толибон” дар августи соли 2021 вазъи фарҳанг, мусиқӣ дар ин кишвар дучори мушкилоти зиёд гардид. “Толибон” навохтани асбоҳои мусиқӣ ва овозхониро “ҳаром” эълон карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ