Фавти 131 кас аз садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон
Дар шаш моҳи соли равон, дар вилояти Хатлон беш 200 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Мутаассифона, дар садамаҳои нақлиётӣ 131 нафар ба ҳалокат расидааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоти Хатлон 202 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Аз ин сабаб, 212 нафар маҷруҳ шуда ва мутаассифона, 131 каси дигар вафот кардааст.
Сабаби асосии садамаҳои нақлиётӣ суръати баланди ҳаракат дар роҳ ва муқобили сабқат баромадан мебошад.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ронадагон ва пиёдагардон тақозо мекунад, ки аз эҳтиёт кор гирифта, одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ