Ашт: Корхонаи бузурги коркарди зардолу сохта мешавад
Дар ноҳияи Ашт ояндаи наздик корхонаи бузурги коркади зардолу сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Вай таъкид кард, ки корхона бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов сохта мешавад.
Ҳоло таҷҳизоти замонавӣ аз Италия барои коркарди зардолу фармоиш дода шудааст ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба ноҳияи Ашт дастрас мешавад.
Раиси ноҳия афзуд, ки бунёди корхонаи коркарди зардолу иқдоми хубу саривақтӣ буда, кори бештари сокинони ноҳияро осон мекунад. Зеро бештари аҳолии ноҳия ба зардолпарварӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки баробари корхонаи мазкур дар ноҳия як сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ки ғунҷоишаш беш аз 10 ҳазор тоннаро ташкил мекдиҳад, сохта ба истифода дода мешавад.
Бояд гуфт ки ноҳияи Ашт яке аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд буда, истеҳсоли зардолу на танҳо барои таъмини бозори дохила, балки барои содирот пешбинӣ шудааст. Зардолуи Ашт аз Федератсияи Руссия то Амрикову Аврупо содирот мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ