Ҷаримаи беш аз 220 мутассадӣ дар Хатлон
Дар шаш моҳи соли равон, 227 шахсони мутассадӣ барои таъхир дар пешниҳоди омор ва хато пешниҳод кардани он ҷарима шуданд.
Қурбон Ҳакимзода, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Pressa.tj афзуд, ки 227 нафар барои таъхир дар пешниҳоди омор ва хато 106 ҳазору 620 сомонӣ ҷарима шуданд. Ӯ мегӯяд, ҷарима пурра ситонида шудааст.
Ба иддаои ӯ миёни масъулоне, ки ҷарима шудаанд, роҳбарони ташкилоту идораҳо ҳам ҳастанд. Аммо аз касе мушаххас ном набурданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ