Иҷрои беш аз 50 дарсади нақшаи кишти пиёз дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон дар майдони 5 ҳазору 705 гектар замин кишти пиёз кишт шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дурнамои кишти ин навъи маҳсулот 10 ҳазору 700 гектар буд.

Баҳром Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ зикр кард, ки нақша андаке бештар аз 53 дарсад иҷро шудаасту халос. Ӯ таъкид кард, ки сабаби асосии иҷро нашудани нақша арзонии нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар буд. 
“Соли гузашта пиёз арзон шуд. Ман дар шаш гектар замин пиёз кишт кардам. Ҳосили 4 гектарро ба яке аз қисмҳои ниёзӣ додем ва замини боқимондаро шудгор кардем”, – гуфт номбурда.
Баҳром Ҳасанзода афзуд, ки дар вилояти Хатлон захираи пиёз мавҷуд аст. Танҳо дар як ноҳияи Шаҳритус 3 ҳазору 500 тонна захира аст. Ба гуфтаи ӯ, дар анборҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам пиёз захира шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *