Фавти кӯдак ва бистарӣ шудани зан дар натиҷаи садамаи мудҳиш

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ аз рух додани садамаи мудҳише хабар дод, ки дар натиҷаи он як зан захмӣ шудаву ноболиғе фавтидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 23-юми январи соли 2021, тахминан соати 22:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело” Табаров Самариддин Ғайратович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Маҳсиддинов Бобоҷон Зайниддинович, соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садамаи мазкур мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Валиева Нигина Асоевна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе ва хурдсол Маҳсиддинов Юсуфҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, хурдсол Маҳсиддинов Ю. Б. дар беморхона фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *