Филми «Моҳӣ дар шаст» дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ намоиш дода мешавад
Филми муштараки Тоҷикистон ва Эрон «Моҳӣ дар шаст» («Рыба на крючке») аввали соли 2026 дар ду ҷашнвораи байналмилалии синамо — дар Булғористон ва Бангладеш муаррифӣ мегардад.
Филм саргузашти писарбачаи 10-солаеро нақл мекунад, ки дар ҷустуҷӯи модараш аз шимол то ҷануби Тоҷикистон сафар мекунад.
Филми “Моҳӣ дар шаст” – филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон дар чанд ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат кардааст ва дар баъзеи онҳо ҷоиза низ ба даст овардааст:
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакон ва навҷавонон (37-ум) – Исфаҳон, Эрон
Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” – Душанбе, Тоҷикистон. Филм шоҳҷоизаи асосиро (Grand Prix / беҳтарин филм)-ро соҳиб шуд.
Кинофестивали байналмилалии “Шилингел” – Хемнитси Олмон. Филм дар кинофестивали байналмилалии “Шилингел” барои филмҳои кӯдакон ва наврасон намоиш дода шуд.
Синамоҷашнвораи “Парвонаи алмосӣ” – Москваи Русия. Дар ин фест филм ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёфт. Беҳтарин нақши дуюми мардона ва беҳтарин коргардон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ