Филми Шон Бейкер соҳиби ҷоизаи “Оскар” шуд
Филми “Анора”- и коргардони амрикоӣ Шон Бейкер ҳамчун филми беҳтарин ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард. Филм дар номинатсияҳои “Беҳтарин сенарияи аслӣ” ва “Беҳтарин танзим” низ ғолиб омадааст.
Худи Бейкер ҷоизаро ҳамчун беҳтарин коргардон гирифт ва Майки Мэдисон, ки дар филм нақши асосиро бозидааст, дар номинатсияи “Беҳтарин ҳунарманд”ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории “Оскар”-и Академияи Амрико оид ба санъат ва илмҳои кинематографӣ 2-юми марти соли ҷорӣ дар театри “Dolby”, дар Лос-Анҷелес баргузор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ