Фоҷеа дар Фархор. Зани 27-сола чор фарзандашро ба дарё партофт

Як зани 27-сола дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон чор фарзанди хурдсоли худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

Бино ба иттилои як манбаъ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, ин ҳодиса шаби 29 ба 30 июн, тахминан соати 00:00 то 01:00, дар деҳаи Дарёбоди ҷамоати Хутан рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ин зан Мадина Ҳалимова, соли таваллудаш 1998 пас аз издивоҷи дубораи ҳамсараш бо зани дигар огоҳ мешавад, бо фарзандонаш даст ба ин амали фоҷиабор мезанад. Ӯ нахуст ду кӯдаки хурдиаш – Латофат (5-сола) ва Зайнаб (3-сола) ва сипас худро бо ду кӯдаки дигари хурдсолаш – Ёсамин ва Муҳаммад аз болои пули дарёи Сурхоб ба дарё партофтааст.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ки баъди чанде ин зан аз об берун шудааст, вале наҷоти кӯдакон дигар имконнопазир будааст. То имрӯз, ҷасади ду кӯдак пайдо шуда,  ҷустуҷӯи ду тани дигар идома дорад.

Нисбати Мадина Ҳалимова парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ин ҳодиса вокуниши густурдаи ҷомеа ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *