Фоизи қарз дар Амонатбонк кам шуд

Аз 1-уми марти соли равон меъёри фоизи солонаи пешниҳоди қарзҳо барои муштариёни доимӣ ва боэътимоди Амонатбонк, ки қарзҳои қаблан гирифтаашонро саривақт пардохт намудаанд, ба андозаи 1% кам карда шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк», ҳамзамон фоизи қарзҳо бо доллар ба муштариёни бонк нисбатан паст гардида, ба ҳамаи намуди маҳсулот 10% солона муқаррар карда шудааст. 

Меъёри фоиз ва муҳлати қарзҳо дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

Намуди қарзҳо Меъёри фоиз     Муҳлат Имтиёз ба муштариёни такрории боэътимод
бо пули миллӣ (%) бо асъори хориҷӣ (%) бо пули миллӣ (%) бо асъори хориҷӣ (%)
Қарзи истеъмолӣ таҳти замонат 24 10 то 3 сол 23 9
Қарзи истеъмолӣ таҳти гарав 22 10 то 3 сол 21 9
Қарз ба соҳаи кишоварзӣ (хоҷагии қишлоқ) 21 10 то 1 сол 20 9
22 10 то 2 сол 21 9
23 10 то 3 сол 22 9
Қарз ба соҳаи саноат 22 10 то 3 сол 21 9
Қарз барои рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ 18 10 то 3 сол
Қарз ба соҳаи сохтмон ва нақлиёт 24 10 то 3 сол 23 9
Қарз ба соҳаи тиҷорат ва хизматрасонӣ 24 10 то 3 сол 23 9
Қарзи гумрукӣ 24 то 1 сол 23
Қарзи овердрафтӣ 22 10 то 3 сол 21 9
Қарзи байнибонкӣ 10 то 3 сол
Қарзи ипотекии манзилӣ ба шахсони воқеӣ барои сохтмони манзил   22   10 то 7 сол
Қарзҳои ипотекии манзилӣ ба шахсони воқеӣ барои хариди манзил   22   10 то 10 сол
Қарзњои ипотекии манзилӣ ба шахсони воқеӣ барои хариди амволҳои дар ҳисоби бозфурўш қарордошта   18   — то 7 сол

Маълумоти бештар: 1885

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.