Фоизи қарз баланду фоизи пасандоз паст

Мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Юсуфзода Алимурод мегӯяд, ки фоизи қарзҳо аз 34-36 фоиз ба 24 фоиз поён фаромад.

Шаҳрвандон бошанд, аз пасандозҳояшон пештар аз 12 то 14 фоизро фоида мегирифтанд. Ҳоло ин рақам ба 18 фоиз боло рафтааст. Дар нишаст як суоли ҷолиби диққат дода шуд: аз кормандони бонкҳо дар минтақа чӣ қадарашон пасандозҳои худро дар бонкҳояшон гузоштаанд? Мақсаду муҳтавои пурсиши мазкур он аст, ки оё кормандони бонкҳо ба бақодорию эътимоднокии онҳо боварию эътиқод доранд ё не?

Суолу ҷавоб бештар сари ҳисоббаробаркуниҳои пардохтҳои гуногуни давлатии ғайринақдӣ ба воситаи кортҳои фарогир сурат гирифт. Номбурда гуфт, ки айни замон дар шаҳру навоҳии минтақа 451 адад терминалҳои электронӣ, 300 постерминал хизмат мерасонанд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *