Форуми байналмилалии “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ” дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид

Дар шаҳри Кӯлоб форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳадафи ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии захираҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии вилояти Хатлон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дар форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо, коршиносони соҳа, соҳибкорон иштирок намуданд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид кард, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеъ барои рушди туризми дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави вилоят беш аз 930 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, ки чандтои онҳо ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил мебошанд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ, аз минтақа наздики 273 ҳазор ҷаҳонгард дидан кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, дар доираи баргузории форум мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо  масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *