Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» дар Суғд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» дар маркази вилояти Суғд Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар кори Форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ, ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Россия, Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Москваи Федератсияи Россия, Президенти Иттифоқи «Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск»-и Федератсияи Россия, Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Красноярски Федератсияи Россия, намояндаи доимии Фонди Оғо Хон оид ба рушд дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози намояндагии ТИКА дар Тоҷикистон, намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирони дохилу хориҷ иштирок намуданд.

— Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо баракати сулҳу субот дар минтақа мардум зиндагии осоишта дошта, барои таҳқими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мунтазам чорабиниҳои гуногун доир мегардад. Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» бори дигар намояндагони кишварҳои гуногунро ба ҳам оварда, барои тақвияту густариши робитаҳо миёни давлатҳо шароит фароҳам овард. Барои иштирок дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба вилояти Суғд наздики 500 нафар меҳмонон ташриф оварда, дар назар аст, ки кишварҳо бо истифода аз ин майдон барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона кӯшиш намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *