Дӯстӣ: Ба беш аз 20 омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ медиҳанд

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон бо омӯзгорони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ равон гардидаанд, мулоқот намуда, аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорони ҷавон ва имтиёзу ҳавасмандгардониҳо ёдовар гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар мулоқот мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадсаидзода Шаҳноза, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар ноҳияи номбурда, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони ҷавон дар доираи дастуру супоришҳои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кардаанд.

– Маҳмасаидзода Шаҳноза иттилоъ дод, ки ба 10 нафар омӯзгорони ҷавон ба маблағи беш аз 60 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок кумак карда шуд. Ҳамзамон, дар соли гузашта 69 нафар омӯзгорон ба истироҳатгоҳҳо аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм фиристода шуд. Ҳоло бошад, аллакай 3 нафар ба истироҳатгоҳҳо равон гаштанд. Инчунин, 10 нафар фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ фиристона шуданд,- меафзояд манбаъ.

Мақсад аз вохӯрӣ ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабу маориф, тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо гуфта мешавад.

Дар вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ҳамеша омӯзгорон мавриди дастгирӣ қарор мегиранд ва дар ин самт тамоми имкониятҳо истифода карда мешаванд. Дар нақша аст, ки солҳои оянда ба 100 нафар омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки ба ноҳияи мазкур тибқи роҳхат 22 нафар омӯзгорони ҷавон равон гардида, аз фанҳои гуногун дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *