Форуми расонаҳои “Чин – Осиёи Марказӣ” дар Остона
29 май дар шаҳри Остона – пойтхати Қазоқистон Форуми расонаҳои «Чин – Осиёи Марказӣ-2025» ба кори худ оғоз кард, ки дар он беш аз 250 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд. Форуми мазкур аз ҷониби нашрияи чинии “Жэнмин Жибао” ташкил шудааст.
Форум бо номаи шодбошии президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев оғоз шуд, ки онро Арман Кирикбаев – мушовири президенти Қазоқистон доир ба сиёсати дохилӣ ва иртиботот ба самъи ҳозирин расонид.
Дар паёми Қосим Жомарт Тоқаев ба нақши муҳими иттилоот дар таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо ишора шуд.
“Сиёсати дурусти иттилоотӣ метавонад дар шароити ҳассоси кунунӣ иртиботи байни кишварҳоро таҳким бахшад” – зикр мешавад дар паёми Тоқаев.
Президенти Қазоқистон дар суханронии хеш ба гузаштаи равобити Чин ва Осиёи Марказӣ дар мисоли Шоҳроҳи Абрешим ишора карда, дар замони муосир ташаббуси “Як камрбанд як роҳ”-ро плотформаи самарабахш барои таҳкими ҳамкориҳо арзёбӣ намуд.
“Дар густариши ин ҳамкорӣ намояндагони ВАО бо иттилооти дуруст ва созанда нақши муҳим мебозанд”,-таъкид кард ӯ.

Ноиби роҳбари шуъбаи таблиғоти Ҳизби комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Хэпен низ дар суханронии хеш доир ба нақши расонаҳоро дар густариши муносиботи Чин бо кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ карда, намояндагони ВАО-ро ба ҳамкории дастаҷамъона даъват кард.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Женмин Жибао” Фан Ҷиншин дар суханронии даъват кард, ки миёни намояндагони ВАО-и Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна механизми ҳамкорӣ “бо формати васеъ гуногунҷанба ва устувор” ба вуҷуд ояд.
“Мо бояд ҳамкории расонаҳоро ба сатҳи нав барорем ва барои наздикшваии бештари кишварҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо талош кунем”,-гуфт номбурда.

Суҳроб Рауфзода, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” дар суханронии хеш таъкид кард, ки ВАО дар шароити муосир бояд пеш аз ҳама дар гуфтугӯйи байнифарҳангӣ саҳмгузор бошад, зеро ба гуфтаи ӯ “нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ меафзояд ва иттилоот ба яке аз воситаҳои шаклдиҳии ояндаи инсоният табдил ёфтааст”.
Рауфзода ба густариши ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 30 соли охир ишора намуда, ташаббуси “Чин Осиёи Марказӣ – сарнавишти ягона”-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷин Пин соли 2022 дар ведеосаммит бахшида ба 30-солагии равобити дипломатии ин кишвар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ эълон шуда буд, саҳифаи нави ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуд. “Мисоли хуби равобити ВАО-и Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳамкорӣ миёни роҳбарони кишварҳои мо бошад, ки бар асоси дӯстии самимӣ, эҳтироми якдигар ва эътимоди устувор, инчунин ҳамкории созанда ва самаранок асос ёфтааст”,-таъкид дошт номбурда.
Суҳроб Рауфзода пешниҳод кард, ки дар оянда ВАО-и Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар самти мубодилаи иттилоот ва таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракӣ расонаӣ густариш диҳанд.

Дар суханронии намояндагони ВАО-и Чин, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои дигари форум вазъи ВАО дар шароити муосир, аз ҷумла рушди интернет, зеҳни сунъӣ ва хатарҳои иттилоотӣ, густариши ҳамкориҳо ва дурнамо баррасӣ гардиданд.
Қарор аст, ки форуми расонаҳои “Чин – Осиёи Марказӣ”дар соли 2025, ки 29 май дар Остона оғоз шуд, рӯзҳои 30 ва 31 май дар шаҳри Алама-ато дар формати пресс-тур идома ёбад. Иштирокчиён ин форумро майдони муносиб барои тақвияти ҳамкорӣ миёни намояндагони ВАО арзёбӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ