Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон дар Душанбе

24 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон доир мегардад. Дар ин хусус аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиши иқтисодӣ дар доираи сафари расмии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

“Ҳадафи он таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок мебошад”,-иттилоъ дод манбаъ.

Дар ҷараёни ҳамоиш имконоти сармоягузории ду давлат  тавассути видеороликҳо муаррифӣ мегардад. Қисмати муҳими форум ба баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон (B2B) бахшида мешавад.

Ҳамчунин, 24 июл, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

“Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин,  иштирокчиён бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос мешаванд”,- иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *