Фотима Муҳоҷиронӣ: Мардум, оромиро ҳифз ва бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунед

Фотима Муҳоҷиронӣ, яке аз шахсиятҳои расмии давлат, дар як изҳороти расмӣ изҳор намуд, ки ҳамлаҳои ахири низомӣ ва киберӣ нишондиҳандаи ваҳшонияти режими саҳюнистӣ ва дурӯғ будани иддаои онҳо дар бораи ҳадаф қарор надодани аҳолии ғайринизомӣ мебошад.

Муҳоҷиронӣ гуфт, ки паёмҳо ва овозаҳо дар бораи зарурати тарки шаҳр аз ҷониби мардум як бахши ҷанги равонии душман ба шумор мераванд ва шаҳрвандон набояд ба чунин паёмакҳо аҳамият диҳанд. Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кард: «Агар баъзе аз мардум тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, мо ба тасмими онҳо эҳтиром мегузорем».
Ӯ афзуд, ки фаъолияти ниҳодҳои муҳими давлатӣ идома дорад ва корҳои асосӣ дар ҳоли иҷро қарор доранд. «Бонкҳо фаъол ҳастанд, аммо бо мақсади ҳифзи сармояи мардум, бозори бурс муваққатан баста шудааст», — гуфт Муҳоҷиронӣ.

Дар идома, ӯ бо ишора ба хатари ҳамлаҳои киберӣ аз тарафи душман изҳор дошт, ки эҳтимоли коҳиши муваққатии суръати интернет вуҷуд дорад. «Ин иқдом бо ҳадафи ҳифзи зерсохторҳои иттилоотӣ ва таъмини устувории шабака анҷом мешавад ва комилан зери назорат қарор дорад», — таъкид кард ӯ.

Муҳоҷиронӣ дар поёни суханонаш аз мардум даъват кард, ки оромиро ҳифз кунанд ва бо эҳсоси масъулият бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *